Willkommen auf den Seiten des Auswärtigen Amts
Mauer der Möglichkeiten – Kunst ohne Grenzen/Озмун: „Девори имкониятҳо - Санъат бидуни марз“
123 © Bilnauer
9 ноябри соли 1989 девори Берлин фурӯ рехт - лаҳзаи рамзӣ, ки роҳро барои муттаҳидшавии Олмон ҳамвор кард. Аммо, бо гузашти вақт, девор на танҳо ҳамчун сарҳад, балки ба як макони санъат ва баён табдил ёфт, ки таъсири он то имрӯз эҳсос мешавад. Тавассути асарҳои санъатии худ, девор ба рамзи ҷаҳонии озодӣ, умед ва оғози бозсозӣ табдил ёфт. Санъат ҳамеша қудрати убури марзҳоро дорад - хоҳ тавассути таъсири рамзии худ, хоҳ тавассути ифодаи эҳсосотии худ ё қобилияти ташаккул додани баҳсҳои иҷтимоӣ.
Девори сафорати мо дар Душанбе, ки аллакай каме фарсуда шудааст, низ бо рангу бори нав тарҳрезӣ хоҳад шуд. Девори ороишёфта на танҳо бояд аз ҷиҳати эстетикӣ зебо бошад, балки бояд масъалаҳои муҳим, аз қабили адолат ба иқлимӣ ва баробарро низ инъкос карда бошад. Он бояд нишон диҳад, ки санъат ҳеҷ марзеро намешиносад - на ҷуғрофиё ва на мавзӯӣ. Новобаста аз он ки расми шумо зарурати ҳифзи иқлимро баррасӣ мекунад, новобаста аз он ки баробариро ҷонибдорӣ мекунад ё дурнамои навро пешниҳод мекунад: Лоиҳаи фарҳангии мо имсол ба шумо имкон медиҳад, ки ғояҳои худро пешниҳод кунед!
Дар доираи озмуни „Девори имкониятҳо – Санъат бидуни марз“, мо даҳ рассомони ҷавонро меҷӯем, ки бо асарҳои худ девори дохилии сафорати моро тарроҳӣ мекунанд ва яке аз мавзӯъҳои зеринро баррасӣ мекунанд:
1. Тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист (масалан, тарроҳии устувор, саҳнаҳои экологӣ)
2. Баробарӣ ва зидди табъиз (масалан, мнъкоси гуногунрангӣ, ҳуқуқи занон)
Ҷоизаҳо:
Ба рассомоне, ки асарҳои онҳо бештарин овозро мегиранд, ҷоизаҳои пулӣ дода мешаванд:
Ҷои 1: 3500 сомонӣ
Ҷои 2: 2000 сомонӣ
Ҷои 3: 1000 сомонӣ
Тартиб:
• Пешниҳоди консепсияҳо то 22 июли 2026
• Интихоби даҳ рассоми ҳамчун иштирокчӣ то 29 июли 2026
• Анҷоми асарҳои рассомӣ то охири июл/аввали август
• Шоми ҷамбастӣ бо муаррифии асарҳои рассомӣ, интихоби ғолибон ва маросими ҷоизасупорӣ дар 13 августи 2026
Шартҳои умумӣ:
• Ҳар як иштирокчӣ як қисмати деворро бо андоза 4 х 2,3 метрро барои ранг кардан хоҳад дошт.
• Сафорат барои пӯшонидани хароҷоти маводҳо барои расмкашӣ маблағи муайян пардохт мекунад.
• Сафорат хароҷоти сафари рассомонро барои рӯзе, ки онҳо асари рассомии худро анҷом медиҳанд ва барои чорабинии шом пардохт мекунад.
Талабот барои иштирок:
• Иштирокчиён бояд дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.
• Иштирокчиён бояд аз 35 сола боло набошанд.
• Ҳама сабкҳои санъат қабул карда мешаванд: масалан, санъати поп, импрессионизм, экспрессионизм, сюрреализм, санъати абстрактӣ ва ғайра.
• Ҳама намудҳои санъати тасвирӣ қабул карда мешаванд: расмкаш бо ранги равғанӣ, граффитӣ, бо қалам ва ғайра.
Варақаи дархост:
Лутфан, варақаҳои зеринро барои дархости худ пур кунед ва онҳоро якҷоя бо консепсияи асари рассомии худ ба суроғаи зерин фиристед: duscku1@gmail.com
Ва ё метавонед варақаҳоро ба даврозаи Сафорат супоред.
• Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 22-уми июли соли 2026 аст. Дархостҳое, ки пас аз ин сана пешниҳод мешаванд, баррасӣ карда намешаванд.
• Дархостҳо танҳо дар сурате баррасӣ карда мешаванд, ки варақаи пурраи дархост якҷоя бо шарҳи ҳамаҷонибаи идеяи асари рассомӣ (масалан, матни консепсия, тасвирҳои эскиз ё истинод, техника ва мавод) пешниҳод карда шаванд.