Добро пожаловать на сайт Федерального министерства иностранных дел

Даъватнома ба ярмаркаи бозори солинавӣ

Themenbild - Symbolbilder - Weihnachten

Deutschland 10. Dezember 2022: Im Vordergrund sieht man einen Tannenbaum mit Weihnachtskugeln mit einer Lichterkette auf einem Weihnachtsmarkt. Der Baum mit seinen Lichtern sorgt für eine weihnachtliche Stimmung. © picture alliance / Fotostand / Fotostand / Gelhot

27.10.2026 - Статья

Важная информация

Ниҳоят он замон фаро расид: ярмаркаи бозори солинавӣ идонаи мо имсол 29 ноябр дарҳои худро боз мекунад! Имсол мо намоишгарони эҷодӣ ва иштирокчиёни пуртаҷрибаро даъват мекунем, ки бо мо якҷо чорабиниро рангин намоянд.

Чаро дар дар ин чорабинӣ бояд иштирок кард?

Ярмаркаи солинавӣ имконияти беназиреро барои намоиши маҳсулот ва кори дастии худ ба барои аудиторияи васеъ пешниҳод мекунад ва ҳамзамон аз фазои идона метавон лаззат бурд. Новобаста аз он ки маҳсулотҳо тӯҳфаҳои дастӣ, хӯроки болаззат ё чизҳои эҷодӣ бошад - ҳар як маҳсулот хуш пазируфта мешавад ва ба гуногунрангии бозор мусоидат мекунад.

Пардохт барои иштирок

Онҳое, ки бо соҳибкории хусусии хурд машғуланд 200 сомонӣ пардохт мекунанд.

Онҳое, ки ба барқ ​​ниёз доранд, бояд 50 сомонии иловагӣ пардохт намоянд.

Корхонаҳои калон тиҷоратӣ барои ҳар як миз ё як метри ҷой дар намоишгоҳ 500 сомонӣ пардохт мекунанд.
 

Нуқтаи махсус оид ба пардохт:

Пас аз қабули дархости иштирок Шумо ба Шумо як мактуби дигар фиристода мешавад, кич и гуна метавонед  тавассути низоми «Alif» партохт намоед. Пас аз пешниҳоди расидаи пардохт (квитанция) аз ҷониби Шумо, тасдиқи иштирок ва маълумот дар бораи ҷойи ҷудошуда ба Шумо ирсол мегардад.

Ҷой танҳо пас аз гирифтани ин тасдиқи ниҳоӣ кафолат дода мешавад. Ҳар гуна масъулияти дигар истисно карда мешавад.

Чӣ тавр метавон иштирок кард?

Барои иштирок дар ярмаркаи солинавии мо, лутфан, то санаи 15-уми ноябр ба суроғаи электронии duscku1@gmail.com эмайл фиристода, хоҳиши худро баён намоед. Лутфан, ба назар гиред, ки бо сабабҳои ташкилӣ, дархостҳое, ки пас аз ин сана дертар ворид мешаванд, баррасӣ карда намешаванд.

Лутфан дар паёми Шумо бояд маълумоти зерин зикр гардад:

- Андозаи зарурии ҷойи савдои шумо (Эзоҳ: Шумо метавонед ҷойи ба шумо ҷудошударо рӯзи 28-уми ноябр, аз соати 14:00 то 15:00 омада бубинед ва дар ҳолати рози будан иштирокдори дигар, онро бо нафари дигар иваз намоед.)

- Ному насаб ва номи ташкилоти Шумо

- Рақами телефон

- Маҳсулот ё хизматрасониҳое, ки пешниҳод кардан мехоҳед

- Оё шумо мизи (стол) худро доред ё ба шумо миз лозим аст? Агар миз лозим бошад, он бояд чӣ андоза дошта бошад?

- Оё ба шумо қувваи барқ ​​лозим аст? Агар ҳа, пас барои чӣ? (Иштирокчиёне, ки ба барқ ​​ниёз доранд, бояд 50 сомонӣ иловагӣ пардохт намоянд.)

Лутфан, таваҷҷӯҳ намоед: Пешниҳоди дархост иштироки шуморо кафолат намедиҳад. Ташкилкунандагони ярмаркаи солинавӣ ҳуқуқ доранд, ки аз миёни дархостҳои расида беҳтаринҳоро интихоб кунанд; ин пеш аз ҳама барои он аст, ки шумораи иштирокчиён аз ғунҷоиши макони баргузории чорабинӣ зиёд нагардад.

Мо бесаброна мунтазири посухи шумо ҳастем, то якҷоя чорабинии идона ва фаромӯшнашавандаеро ташкил намоем! Дар сурати доштани саволҳо, метавонед ҳар вақт тавассути суроғаи почтаи электронии дар боло зикршуда бо мо тамос гиред.

к началу страницы